16 Май 2025 - 22:08
Source: Parstoday
Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ; Посдошти ҳамоса сарои бузурги Эрон ва паёмовари ваҳдат

имрӯз 15 май ( 25 урдибиҳишт ) рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ , шоири ҳамоса сарои Эрон ва холиқи Шоҳнома , асари ҷовдон ки на фақат мероси фарҳангии Эрон , балки ганҷинае барои тамом башариятаст .

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо халқи ин асари азим , ҳувияти миллӣ ва динии эрониёнро дар ҳам омехту асари офарид ки ҳам ривоятгари таърихи куҳани Эрон ва ҳам саршор аз омӯзаҳои ахлоқӣ ва ирфонии ислом аст . Ҳаким Фирдавсӣ дар уири 80 солаи худ , табъу завқи шоирӣ ва шӯру дилбастагии ӯ бар зинда кардани мафохири миллии Эрон замин , боиси бавуҷуд омадани шоҳкории бузург ба номи Шоҳнома шуд  Шоҳномаи Фирдавсӣ ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад , маҷмӯъае аз достонҳои миллӣ ва таърихи бостонии подшоҳони қадиму паҳлавонони бузурги Эрон аст ки корҳои паҳливонии онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафару мардонагӣ ва шуҷоату диндорӣ тавсиф мекунад . Фирдавсӣ бе гумони бузург­трин шоири порсигӯй ва Шоҳномаи  ӯ арзандаатарин шоҳкори ҷовдонаӣ забон , андеша ва фарҳанги эронӣ аст ва бисёре аз пажӯҳишгарон он­ро бузург­трин ҳамосаи ҷаҳон хондаанд .

Шоҳнома , ҳамосаи фаротар аз устура

Фирдавсӣ бо 30 соли ранҷу талош , Шоҳномаро сурӯд ; Китобе, ки ҳикмат , таърих , ахлоқу ирфонро дар ҳам меомезад . Ӯ бо нигоҳии жарф ба Эрони бостон , пайванди ногусастани байни фарҳанги эронӣ ва исломӣ эҷод кард .

Тавҳид дар саросари шоҳнома

 Фирдавсӣ шоҳномаро бо номи Худо оғоз мекунад : Ба номи Худованди ҷону хирад / Казин бартар андеша бар нагзорад. Ин байт нишондиҳанда нигоҳи тавҳидии ӯст . Дар саросари Шоҳнома , яздон , додар , офаринанда ва  ҷаҳон офарини ҷойгоҳи вижае  доранду ҳамагии баёнгари Худои якто ҳастанд .

 Таъсирпзирӣ аз омӯзаҳои исломӣ

 Адолат : Подшоҳони одил монанди Кайхусрав , намоди ҳукмрони илоҳӣ ҳастанд . Ростӣ ва парҳез аз дурӯғ : Фирдавсӣ дурӯғро бузургтарин гуноҳ медонад . Таваккул ба Худо : Қаҳрамонони Шоҳнома дар сахттарин лаҳазот ба Худо паноҳ мебаранд . Ашорот ба маъод : Бархе абёт ба рӯзи қиёмату ҳисобрисии аъмол ишора доранд .

 Фирдавсӣ ва паёми ваҳдат

 Фирдавсӣ бовар дошт ки ҳақиқат яки асту ва ихтилофоти мазҳаби ношӣ аз андешаҳои маҳдӯди башарӣ аст : Мардумон ба андешаҳои кӯтоҳ бебунёди худ мағрур мешаванд ва аз тафриқаи адён афсӯс мехӯрд ва бар ягонагии ҳақ таъкид дорад .

 Шоҳнома дар муқоиса бо ҳамосаҳои ҷаҳонӣ

 Худоён дар Илиад ва Одиссея : Худоёни юнонӣ монанди Зеус ва Ҳеро , гоҳи шарур ва худхоҳ ҳастанд . Худо дар Шоҳнома : Яздони пок , додгар ва меҳрбон аст ва ҳамеша ёвари некӯкорон . Бар ин асос , Шоҳнома нахустин ҳамосаи тавҳидии ҷаҳон аст ки инсонро ба иятопарастӣ фаро мехонд .

 Паёми Фирдавсӣ ба ҷаҳони имрӯз

Фирдавсӣ на фақат шоири Эрон , балки файласуфи ахлоқгаро ва муслеҳи иҷтимоӣ буд. Паёмҳои ӯ монанди мубориза бо зулм ( монанди достони Фаридун ва Заҳҳок ) , посдорӣ аз ростӣ ва адолат , ваҳдат дар айни касрат ( эҳтиром ба тамоми адёну фарҳангҳо ) , таваккул ба Худо дар буҳронҳо барои имрӯзи ҷаҳон низ корбурд дорад . Фирдавсӣ бо Шоҳнома , таъриху ҳувияти Эронро зинда нигаҳ дошт ва дар айни ҳол , паёмҳои ҷаҳонӣ сулҳ , адолату тавҳидро ба башарият арза кард .

Your Comment

You are replying to: .
captcha